«Варзиш қосиди сулҳ аст»: дар минтақаи Ромити шаҳри Ваҳдат мусобиқаи футбол доир гардид

Март 20, 2017 11:20

ВАХДАТ, 20.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси  дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста Соли ҷавонон ва 20–солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ  ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат  миёни хонандагони муассисаҳои таълимии минтақаи Ромити шаҳр таҳти унвони «Варзиш қосиди сулҳ аст» мусобиқаи футбол доир намуд, ки дар он дастаҳои ҷамоатҳои деҳоти минтақа иштирок намуданд.

Мақсади мусобиқаи варзишӣ ҷалб намудани ҷавонон ба ватандӯстию ватанпарастӣ, дӯстию рафоқат миёни аҳли ҷомеа ва ҷавонон мебошад.

Дар мусобиқаи мазкур дастаи Ҷамоати деҳоти Симиганҷ сазовори ҷойи аввал гардида, аз ҷониби ТҶҶ «Созандагони Ватан»  бо ҷому  сипосномаҳо  сарфароз гардонида шуд.

 

Март 20, 2017 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад