Вохӯрӣ бо занони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Рӯдакӣ оид ба баробарҳуқуқӣ
РӮДАКӢ, 30.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки Қаноат Иброҳимова, директори ташкилоти ҷамъиятии «Лигаи занони ҳуқуқшиноси Ҷумҳурии Тоҷикистон», Сабоҳат Маҳмадалиева, сармутахассиси шуъбаи рушди гендерӣ ва муносибатҳои байналмилалии Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ, Саидаҳмад Қаландаров, коршиноси масъалаҳои ихтилофи мазҳабӣ, Миҷгона Ҳайдарова, мудири шуъбаи кор бо занони ноҳияи Рӯдакӣ ва занони фаъоли ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия оид ба масъалаҳои баробарҳуқуқии занону мардон дар ҷомеа, саҳми занон дар таълиму тарбияи насли наврас ва тарбияи наслҳои ояндасози миллат дар рӯҳияи ватандӯстӣ, пешгирии омилҳои номатлуб дар байни занону ҷавонон ва тақлиди занону духтарон ба фарҳанги бегона вохӯрӣ доир гардид. Дар ин бора аз шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Рӯдакӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Дар ҷамъомад масъулин роҷеъ ба нақши занон дар ҷомеа, дастгирии ташаббусҳои онҳо, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар самти дастгирии занон , омилҳои даст задани занону ҷавонон ба ҷинояткорӣ ва роҳҳои пешгирии амалҳои номатлуб дар байни ҷавонону занон сухан гуфтанд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






