Вохӯрии Рамазон Раҳимзода бо сарбозону афсарони қисми низомии 6592
ДУШАНБЕ, 14.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба қисми низомии 6592-и Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, воқеъ дар шаҳри Турсунзода рафта, бо сарбозону афсарони ин ниҳод вохӯрд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни боздид Вазири корҳои дохилӣ бо ҷараёни хизматбарии сарбозону афсарон, шароити моддию маишӣ, ҷойи хоб, ошхона, ҳаммом, толори варзишӣ шинос шуда, бо ҳайати шахсӣ аз наздик суҳбат кард.
Зикр гардид, ки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ барои беҳдошти вазъи моддию маишӣ ва баланд бардоштани рӯҳияи сарбозону афсарони қисми низомии мақомоти корҳои дохилӣ тамоми тадбирҳоро меандешад, то фарзандони далеру шуҷои Ватан дар шароити мусоид ба Модар — Ватан содиқона ва софдилона хизмат намоянд. Сарбозону афсарони қисми низомии 6592-и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД аз шароити хуби муҳайёгардида ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ изҳори сипос намуданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






