Вохӯрии Сафири Тоҷикистон дар Япония бо намояндагони ширкатҳои «Sumitomo Corporation» ва «Toyota Motor Corporation»
ДУШАНБЕ, 09.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. 7 марти соли 2017 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ бо намояндагони ширкатҳои японии «Sumitomo Corporation» ва «Toyota Motor Corporation» баргузор гардид. Ҳайати Ширкати «Sumitomo Corporation» таҳти роҳбарии Рюсуке Каясима, менеҷер оид ба фурӯш ва бозорёбии бахши автомобилӣ ва Ширкати «Toyota Motor Corporation» таҳти роҳбарии Тошиюки Накаҳара, менеҷери умумии лоиҳавии Департаменти фурӯш ва бозорёбӣ иштирок намуданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо дурнамои ҳамкории мутақобила, қабл аз ҳама дар доираи имкониятҳои мавҷуда ва иқтидори рушди ҳамкории шарикӣ миёни намояндагони бахши хусусии ду кишварро баррасӣ намуданд.
Муҳокимаи ҳолати кунунии муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва таъмини рушди минбаъдаи ин самт низ сурат гирифт.








33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






