Вохўрии сарони мақомоти ҳолатҳои фавқулодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба масъалаҳои паст кардани хатари офатҳои табиӣ
ДУШАНБЕ, 30.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. 31 марти соли 2017 дар доираи татбиқи тавсияҳои «Барномаи қолабии Сендай оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ дар солҳои 2015-2030» дар шаҳри Душанбе вохўрии минтақавии сарони мақомоти ҳолатҳои фавқулодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба масъалаҳои паст кардани хавфи офатҳои табиӣ баргузор мегардад.
Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар конфронс роҳбарони вазорату мақомоти дахлдор дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, намояндагиҳои дипломатӣ, донорҳо ва оҷонсиҳои СММ иштирок менамоянд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории минтақавӣ дар самти коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ баррасӣ мегарданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 12 дараҷа гарм мешавад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд






