Япония ба Федератсияи варзишгарони маъюби Тоҷикистон кумак мерасонад
ДУШАНБЕ, 10.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе байни Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаҷимэ Китаока ва Раиси Федератсияи варзишгарони маъюби Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи грантӣ барои лоиҳаи «Беҳтар намудани лавозимоти варзишӣ-тамринӣ барои варзишгарони маъюб» ба имзо расонида шуд.
Тавре аз Сафорати Япония дар Тоҷикистон хабар доданд, маблағи умумии лоиҳа 82,929 доллари ИМА буда, тавассути кумакҳои бебозгашти фарҳангии Ҳукумати Япония ва ҳамчун қисми таркибии барномаи «SPORT FOR TOMORROW (варзиш баои фардо)» ҷудо мегардад.
Федератсияи варзишгарони маъюби Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1989 таъсис ёфта, мақсади аслиаш идора намудан ва рушди варзиш байни варзишгарони маъюб дар Тоҷикистон ва таъмини дастрасии оммавӣ ва маъруфияти варзиш байни одамони маъюб мебошад.
«Лоиҳаи беҳтар намудани лавозимоти варзишӣ-тамринӣ барои варзишгарони маъюб» хосса баҳри фароҳам овардани шароит барои одамони маъюб тарҳрезӣ шудааст, ки мунтазам тамрин бо аробачаҳои маъюби варзишӣ дар марафон, баскетбол, тенниси рӯи миз ва дзюдои паролимпӣ нигаронида шудааст. Тибқи лоиҳаи мазкур ба толорҳои варзишии Федератсия, воқеъ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва ноҳияи Шаҳринав 8 аробача барои баскетбол, 8 аробачаи фаъол барои тенниси рӯи миз, 3 аробача барои марафон, 4-донагӣ роҳдавак, велотренажер, курсии маҳскунӣ ва 300м2 татамӣ дастрас мешаванд. Таҷхизоти мазкур барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти Федератсия дар саросари кишвар мусоидат менамояд.
Тавассути барномаи «SPORT FOR TOMORROW» як қатор лоиҳаҳо дар саросари ҷаҳон амалӣ мешаванд. Барнома ба густариш ва ҳавасманд гардондани варзиш, аз ҷумла ҳаракати олимпӣ ва паролимпӣ барои одамони насли гуногун, аз ҷумла ҷавонони ояндасоз равона шудааст. Барнома дар давраи солҳои 2014-2020 амалӣ гашта, беш аз 10 миллион нафарро дар зиёда аз 100 кишвари дунё дар бар мегирад. Босамар ва бомуваффақ амалӣ намудани барномаи «SPORT FOR TOMORROW» то Бозиҳои олимпӣ ва паролимпии Токио-2020 аз шумули уҳдадориҳои Ҳукумати Япония мебошад.








13 август дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ноҳияи Тоҷикобод 20 ҳазору 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар шаш моҳ ба маблағи беш аз 487 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили гандум идома дорад
Дар Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






