Зан-сарчашмаи зиндагист
ДУШАНБЕ, 03.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. «Зан сарчашмаи зиндагӣ»-таҳти чунин унвон ба ифтихори Соли ҷавонон ва ҷашни Рӯзи Модар дар факултети муҳандисӣ-технологии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд байни донишҷӯён озмун баргузор шуд.
Озмун аз рӯи се шарт- расмкашӣ, мӯйбофӣ ва ҳинокашӣ доир гардида, наздики 50 нафар донишҷӯён маҳорат ва ҳунари худро нишон доданд.
Расмҳои кашидаи донишҷӯён симои занони тоҷикро дар худ таҷассум намуда, духтарон чандин намуди мӯйбофию ҳинокаширо манзури аҳли нишаст гардонданд.
Директори донишкада Дилафрӯз Саидӣ ғолибонро бо Соли ҷавонон ва Рӯзи Модар табрик намуда, ба ғолибон туҳфаҳои раёсатро тақдим намуд.
Ёдовар мешавем, ки аз ин пеш бахшида ба рушди туризм дар Тоҷикистон озмуни «Тоҷикистон- минтақаи туризм» доир гардида буд, ки аз ҷониби коршиносон ҳунари зардӯзиву дӯзандагӣ, наққошиву меъморӣ ва дигар армуғонҳо баҳои баланд гирифтанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






