Занони ҳунарманди Ашт ба Наврӯзи байналмилалӣ омодагӣ мебинанд
ДУШАНБЕ, 14.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Барои дар сатҳи баланди фарҳангӣ таҷлил кардани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ имрӯзҳо занони ҳунарманди ноҳияи Ашт ба ҳунарҳои мардумӣ- кашидадӯзӣ ва гулдӯзӣ машғуланд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт хабар доданд.
Зимни чунин як машғулият занони ҳунарманди ноҳия гуфтанд, ки «Наврӯз ҷашни аҷдодии тоҷикон аст ва расму оинҳои ба худ хос дорад. Яке аз суннатҳои наврӯзӣ дар як хона ҷамъ омадани занону духтарон ва ба дӯзандагӣ машғул шудани онҳост. Мо низ барои хубу хотирмон пешвоз гирифтани Наврӯз омодагӣ мебинем».
Обода Ашурова, мудири Бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ноҳия мегӯяд, дар арафаи таҷлили ҷашни Наврӯз якчанд зани солхӯрдаи ноҳияро аëдат кардаанд ва занони солхӯрда барои ободии диёр ва пойдории сулҳу субот дар кишвар дуои нек гуфтаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






