1 апрел-Рӯзи ҳаҷву мутояба: ханда мисли офтоби баҳор аст!

Апрель 1, 2017 11:38

ДУШАНБЕ, 01.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи ханда яке аз ҷашнҳои ба расмият нашинохтае мебошад, ки онро  дар тамоми дунё ба ҳар навъ таҷлил менамоянд ва ин рӯз дар  кишварҳои гуногун анъана ва шӯхиҳои ҷолибу ҷаззоберо ба миён овардаст.

Дар бораи чӣ гуна пайдо шудани ин ҷашн то ҳанӯз баҳсу мунозираҳои зиёд мавҷуданд. Яке аз ин фарзияҳо ин аст, ки ин ҷашн дар Рими қадим ба вуҷуд омадааст ва дар нимаи дуюми моҳи феврал мардум Рӯзи соддалавҳонро таҷлил менамудаанд. Апулей чунин меҳисобад, ки дар Рими қадим фиреби нахустапрелӣ марбут ба ҷашни бахшида ба Худои хандаҳо буд. Дар фарзияи дигар омадааст, ки он дар Ҳиндустони қадим пайдо шудааст ва 31 март чун рӯзи шӯхӣ дар ин мамлакат таҷлил мешуд. Боз назаре ҳаст, ки ирландиҳо дар замони қадим рӯзи 1 апрел ба муносибати Соли нав ҳазлу шӯхӣ мекардаанд.

Бархе бар он ақидаанд, ки 1 апрел сараввал дар Ҳиндустон ва Рими қадим чун оғози баҳор ҷашн гирифта мешуд. Ба муносибати Соли нави баҳорӣ маҳфил, базму гаштугузорҳои шӯхиомезро баргузор менамуданд. Ҳамин тавр одамон дар муқобили номусоидии ҳавои баҳорӣ бо ҳазлу шӯхӣ ва ханда худро шод мекарданд. Воқеан, тавре Виктор Гюго фармудааст: «Ханда мисли офтоби баҳор аст ва сардиро аз тану чеҳраи инсон дур месозад».

Тибқи як фарзияи дигар Рӯзи ханда ба рӯзи гузариш ба тақвими Григорианӣ рост меояд, ки аз тарафи поп Григорий 13 дар соли 1582 роҳандозӣ шудааст. Дар асрҳои миёна Соли нав дар охирҳои моҳи март таҷлил мегардид. Ҳафтаи солинавӣ 25 март шурӯъ шуда, рӯзи 1 апрел тамом мешуд. Дар миёнаи асри XVI шоҳ Карл 9 дар Франсия тақвимро тағйир дод ва Соли навро ба таърихи 1 январ гузаронд, вале бо вуҷуди ин аксари мардум ҷашн гирифтани 1 апрелро идома медоданд. Дар ин рӯз одамон ба ҳамдигар туҳфаҳо тақдим менамуданд, ҳазлу шӯхӣ мекарданд.

Акнун Рӯзи хандаро   мардуми тамоми дунё   бо  шавқи беандоза ҷашн  мегиранд  ва  дар ин рӯз  гӯл задани якдигар  бо шӯхиҳои безарар   ба  ҳукми анъана  даромадааст.

Дар Тоҷикистон таҷлили Рӯзи ханда аз замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ боқӣ мондааст. Миёни мардуми мо низ  одат шудааст, ки  1 апрел мардум бо ҳам ҳазлу шӯхӣ намуда, маҳфилҳои ханда барпо менамоянд. Ба муносибати Рӯзи ханда  дар шаҳри Душанбе ва дигар  марказҳои вилоятҳои Тоҷикистон бо ширкати ҳавҷнигорону базлагӯён маҳфилҳо сурат мегирифтанд.  Ҳунармандони ҳаҷвнигори  студияҳои «Усто ва Масто», «Ҳодӣ ва Шодӣ», «Очаи Бика ва Зика»,  театри минётурии «Оина»  ва ғайраҳо бо барномаҳои ҷолибу ҳаҷви латиф дар саҳнаҳои театр  ва тавассути барномаҳои  телевизионӣ   ҳунарнамоӣ намуда,  хотири мардумро болида мегардониданд.

То ҳол сокинони Тоҷикистон намоиши «УРБШДМ» («Убайдулло Раҷабов ба шабнишинӣ даъват мекунад»)-ро, ки чандин сол пеш дар Душанбе барпо шуда буд ва ҳанӯз тариқи шабакаҳои телевизионӣ намоиш дода мешавад, аз ёд набурдаанд.

Қиёмиддин Чақалзода, яке аз ҳаҷвнигорони маъруфи тоҷик   он солҳоро  ёдоварӣ намуда,  мегӯяд: «Аслан бигирем, ҳаҷв ин тарбия аст, он чизе ки дар ҷомеа барои пешравӣ халал мерасонад, онро бояд тавассути ҳаҷву танз ислоҳ кард. Солҳои пеш чунин буд. Ҳаҷвнигорон дар телевизиону радиоҳо барномаҳои махсуси ҳаҷвӣ доштанд, ки мушкили ҷомеаро ошкоро дар онҷо баён мекарданд ва ин боис ба ислоҳи он мешуд. Пешниҳод дорам, ки дар Рӯзи ханда як навигарӣ бошад.  Дар ин рӯз рӯйи нафароне ки худро пушти ниқоб пинҳон карда, оромии ҷомеаи моро халалдор мекунанд, вале касе онҳоро намебинад, бояд намоиш дода шавад. Ба ин васила, рӯи онҳоро боз кунем ва афродеро, ки бо ниқоб зиндагӣ мекунанду дурӯғ мегӯянд, ба мардум нишон бидиҳем».

Дар чанд соли охир  дар Рӯзи ханда  ҳаҷвнигорони студияҳои «Лаҳзаҳои гуворо», «Ғарибшо- компания», «Хандинкамон», «Табассум» ва «Шӯхиҳои Аловуддин» хотири мухлисону алоқамандони ҳаҷвро бо барномаҳои  худ   болида месозанд.

Амонулло Қодиров, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро тамошобинон   бо нақшҳои хотирмонаш дар силсилабарномаҳои Шодӣ ва Ҳодӣ,  то имрӯз чун Ҳодӣ хуб мешиносанд.

Амонулло Қодиров  дар мавриди таҷлили  Рӯзи ханда андешаҳояшро баён дошта, аз ҷумла  зикр кард, ки «мардумро самимона хандондану ба воситаи ҳаҷв тарбия намудан аз корҳои мушкилтарини санъат аст.  Бисёр мехоҳам, ки  барномаҳои телевизионии «Чойхонаи дилкушо», «Мушфиқӣ», «Гӯем, нагӯем?», «Як пиёла чой» аз нав ба намоиш бароянд, ҳаҷвнависони тоҷик фаъолтар шаванд ва ҳаҷви нишонраси  мардумӣ ҷойгоҳи худро ёбад».

Воқеан ҳам аз  чанд суҳбате, ки бо  дӯсторони ҳаҷв  дар ин маврид доштем, аён гардид, ки чун дигар соҳаҳои муҳими санъат, ба мисли кинову  намоишномаҳои театрӣ  ҳаҷви тоҷик низ ба рушд  ва дастгирӣ ниёз дорад. Ба хотири мардуми мо. Зеро ханда ба ҳар сурат хуб аст. Тавре Бӯалӣ Сино гуфтааст, ханда одамро табобат мекунад.

Ханда-1Ханда-7 Ханда-5Ханда-6 Ханда-1.1Ханда-2

Апрель 1, 2017 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо сокинони Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
«ВАРЗИШГАРОН – ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши варзишӣ ва барномаи фарҳангӣ багузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав тозакунии каналу заҳбур ва заҳкашҳо оғоз шуд
Бунгоҳи тиббӣ ва бинои маъмурии Маркази миллии таълимӣ барои омодасозии наҷотдиҳандагони Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба истифода дода шуд
ТОҶИКОН АЗ ОҒОЗИ ТАЪРИХ МИЛЛАТИ ПАРЧАМДОР БУДАНД. Андешаҳои корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ
«Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе!». Дар ноҳияи Шоҳмансур ғолибони даври ноҳиявии озмун ҳавасманд гардонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТЗАЛ. Барои мураббиён машғулиятҳои омӯзишии «Level-2» оғоз гардид
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон озмоишгоҳи ташхиси партовҳои обӣ ба истифода дода шуд
Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо унвони «Профессори фахрӣ»-и ду донишгоҳи Чин сарфароз гардид
ПАРЧАМИ МО ПАРФИШОН АЗ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АСТ! Дар Душанбе ҳамоиши ҷашнии ҷавонону варзишгарон баргузор шуд
Дар Хуҷанд доир ба масъалаҳои таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот конференсияи минтақавӣ баргузор гардид