28 апрел-Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат. Ҳодисаҳои нохуши истеҳсолиро чӣ тавр пешгирӣ бояд кард?
ДУШАНБЕ, 28.04.2017. /АМИТ Ховар/. Соли 1989 Федератсияи иттифоқҳои касабаи кормандон дар ИМА ва Канада ба хотираи шахсони дар истеҳсолот зарардида Рӯзи ёдбуди кормандони фавтидаро баргузор намуданд. Шурӯъ аз ҳамон сол дар як қатор давлатҳои ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҳифзи меҳнат таҷлил мегардид.
Баъдан расман бо ташаббуси Созмони байналмилалии меҳнат шурӯъ аз соли 2003 дар тамоми давлатҳои ҷаҳон ҳамасола 28 апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи меҳнат ҷашн гирифта мешавад.
Тибқи омори Созмони байналмилалии меҳнат, ҳамарӯза дар ҷаҳон ба ҳисоби миёна 5-6 ҳазор одам дар натиҷаи ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ ва бемориҳои касбӣ талаф меёбанд, ки он дар як сол қариб то 2 миллион нафарро ташкил медиҳад.
Тавре аз Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, соли гузашта аз ҷониби нозироти Хадамоти мазкур 33 ҳодисаи нохуш ва 1 садамаи истеҳсолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷаи онҳо 21 кас ҳалок гардида, 21 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.
Баъди қабули Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав дар пардохти маблағи ҷуброни зарар ба ҷабрдидагон тағйирот ба амал омад. «Дар бандҳои 5 ва 6-и моддаи 343-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «Ташкилот ё вориси ҳуқуқии он уҳдадор аст, ки ба корманде, ки дар натиҷаи ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот маъюб шудааст, илова ба маблағи ҷуброни зарари барои чунин ҳолатҳо муқарраршуда ба андозаи на камтар аз музди миёнаи дувоздаҳмоҳаи ҷабрдида кумакпулии яквақта пардохт намояд ва ҳангоми фавти корманд дар натиҷаи ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот, ба оилаи ў илова ба маблағе, ки барои шахсони дар таъминоти ў буда муқаррар шудааст, ба андозаи на камтар аз музди меҳнати шастмоҳаи фавтида кумакпулии яквақта дода мешавад. Тартиби додани чунин кумакпулиро санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунанд.
Кормандони Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ ҳамчунин зикр карданд, ки дар соли 2016 аз ҷониби Хадамоти мазкур ба 101 нафар роҳбарони корхонаҳо бинобар риоя накардани талаботи санадҳои меъёриву ҳуқуқии бехатарии саноатӣ, наандешидани чораҳои лозимӣ оид ба пешгирӣ ва рух надодани ҳодисаҳои нохуш дар иншооти истеҳсолии хатарнок нишондод оид ба қатъ гардидани фаъолияташон пешниҳод гардид.
478 нафар шахсони масъули корхонаҳои бақайдгирифташуда барои риоя накардани қоидаҳои бехатарии саноатӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба маблағи 464 ҳазору 535 сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд. ҶДДМ «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой», ҶДДМ «Пакрут», ФҶСП «Ширкати муҳандисии «Умрон Морун», ҶСК «Обшорон», ҶДДМ «Хишти Хуҷанд», ҶДДМ «Созандаи Суғд», ФҶСП «Туннел садди Ориёно» ва ҶДДМ «Гушикай ЛТД» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Дар ин маврид коршиноси соҳа Мусо Исомиддинов зикр кард, ки сабабҳои асосии рӯй додани ин қабил ҳодисаҳо дар истеҳсолот, пеш аз ҳама, риоя нашудани қоидаҳои ҳифзи меҳнат аз ҷониби корфармо, ба таври зарурӣ таъмин набудани шароити бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, наандешидани тадбирҳо ва ба ин мақсад ҷудо накардани маблағ мебошад.
Ҳол он ки мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи меҳнат» (моддаи 18) роҳбарони корхонаву муассисаҳо вазифадоранд, ки барои таъмини вазъи беҳдоштиву солимгардонӣ, бехатарии меҳнат, пешгирии садамаҳои истеҳсолӣ ва бемории касбӣ шароит фароҳам оваранд, дар 5 сол як маротиба гузаронидани аттестатсияи шароити меҳнати ҷойҳои кориро ба роҳ монанд. Дар санадҳои қонунгузории ҷорӣ ташхиси давлатии шароити меҳнат ҳамчун чорабинии муҳими пешгирикунандаи ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот, таъмини бехатарии меҳнат, ҳифзи ҳаёту саломатии кормандон ифода ёфтааст.
«Аз садамаҳои истеҳсолӣ фавтидан ва зарар дидани кормандон боиси хароҷоти зиёд аз ҷониби корфармо ва ҳам аз буҷети давлат мегардад. Инсон қобилияти меҳнатиашро гум мекунад ва он боиси коҳиши ҳаҷми даромади аҳли хонаводааш мегардад. Корфармо низ бо хароҷоти рафъи оқибатҳои ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот, пардохти ёрии якдафъаина ва ҷуброни зарари ба саломатӣ расонидашуда, ҳамчунин хароҷоти амалисозии чорабиниҳои пешгирии минбаъдаи ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот зарари молӣ мебинад. Инчунин аз ҷониби давлат пардохт гардидани нафақа бо сабаби гум кардани қобилияти корӣ (шояд барои як умр) ва пардохти ёрипулӣ ба ноболиғони оилаи бесаробонмонда зарар ба буҷети давлат аст. Ва аз ҳама зарари калон- ин зарари маънавӣ ба аҳли хонаводаи ҷабрдида ва корфармо мебошад, ки онро бо маблағ чен карда намешавад», — афзуд М.Исомиддинов.
М.Исомиддинов ҳамчунин таъкид намуд, ки дар шароити имрӯзаи ҷумҳурӣ, ки сол ба сол шумораи сохтмонҳои азим ва корхонаҳои саноатӣ зиёд мегардад, зарурати ҷорӣ намудани Низоми идораи ҳифзи меҳнат (СИҲМ. ГОСТ-12.0.230-2007), ки онро Созмони байналмилалии меҳнат тавсия намудааст ва яке аз роҳҳои асосии беҳсозии шароити меҳнати заҳматкашон ва тақвияти низоми идораи бехатарии меҳнат ба шумор меравад, ба миён омадааст.
Рухсораи НУР