Аҳли адабу ҳунари кишвар-дар меҳмонии бинокорони НБО Роғун
ДУШАНБЕ, 10.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. 8 апрели соли равон гурӯҳи нахустини таблиғотиву ташвиқотӣ ҷиҳати анҷом додани суҳбату мулоқот бо ҳайати кормандони НБО Роғун ба шаҳри Роғун сафарбар гардид.
Гурӯҳи мазкурро мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳаммадшариф Бобошоҳзода роҳбарӣ намуда, ба ҳайати он Раъно Бобоҷониён, муовини Раиси ҲХДТ, Марҳабо Олимӣ, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Меҳмон Бахтӣ, Шоири халқии Тоҷикистон, Рустами Ваҳҳоб, шоир, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Садои Шарқ», Қурбоналӣ Раҳмонзода, сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият», инчунин масъулони вазорату идораҳо ва намояндагони ВАО шомил буданд.
Зимни вохӯрӣ бо кормандони НБО Роғун мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳаммадшариф Бобошоҳзода гуфт: «Ҳар як бинокори ин иншооти тақдирсоз бояд хуб эҳсос намояд, ки неругоҳи Роғун барои садсолаҳо пешбинӣ шудааст ва сифати корҳо бояд ба ин ҳадафи воло мутобиқ бошад. Неругоҳи Роғун бояд асрҳо ба мардуми Тоҷикистон ва кулли минтақа хизмат карда, манфиат расонад. Мо итминони комил дорем, ки хизматҳои шоёни сохтмончиёни ин иншооти асрро мардуми сарбаланди Тоҷикистони азиз ҳаргиз фаромӯш намекунанд».
Баъд аз суҳбату вохӯрии гурӯҳи таблиғотиву ташвиқотӣ бо ҳайати кормандони НБО Роғун маҳфили адабиву фарҳангӣ доир гардид. Адибон аз асарҳои худ намунаҳо қироат намуданд.
Ҳунармандони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев, дастаи ҳунарии «Гулшан», гурӯҳи рақсии «Зебо» ва гурӯҳи ҳаҷвнигорони «Ғарибшо» хотири бинокоронро шод карданд.
Хотиррасон менамоем, ки чунин маҳфилҳо бо ҳайати кормандони НБО Роғун ҳафтае ду маротиба то охири моҳи апрел идома меёбанд.









Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд






