Ҳафтаи илм: «Мавқеи ҷавонон дар таъмини ҳамгироии илм ва истеҳсолот ҳамчун асоси рушди устувори инноватсионӣ»

Апрель 24, 2017 16:27

ДУШАНБЕ, 24.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафтаи илм таҳти унвони «Мавқеи ҷавонон дар таъмини ҳамгироии илм ва истеҳсолот ҳамчун асоси рушди устувори инноватсионӣ» бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»,солҳои 2018-2028 ва Соли ҷавонон оғоз шуд.
Тавре аз Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҳамоиши илмӣ олимону коршиносони варзидаи муассисаҳои илмӣ ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдори бахшҳои гуногуни соҳаи иқтисодиёт иштирок намуданд. Муовини ректори донишкада, дотсент Насимҷон Ойев иброз дошт, ки баргузории ҳафтаи илм дар донишкада чун анъана ҳамасола ба масъалаҳои мубраму ҳаётан муҳим бахшида мешавад. «Ҳамоиши илмӣ баррасии нақши ҷавононро дар ҳамгироии илм ва истеҳсолот чун таҳкурсии боэътимоди рушди устувори инноватсионӣ ва ҳамчун яке аз проблемаҳои мубрами рўз матраҳ хоҳад намуд. Интихоби мавзўи мавриди баррасӣ ва баҳсҳои илмӣ қарорёбанда беҳуда набуда, ба корҳои илмиву эҷодӣ ва бо ин васила ба бунёдкориву созандагӣ раҳнамун сохтани ин қишри ҷомеа, яъне ҷавонон аз асоситаринҳо ба ҳисоб меравад. Беҳуда нест, ки Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд: «Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши худро ба донишандўзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд». Бо назардошти ин нуқта, ҳамоиши илмии мазкур тадбире хоҳад буд дар кори пайвасти бештари ҷавонон ба равандҳои пешрафти иқтисоди миллӣ ва шукуфоии минбаъдаи Тоҷикистон»,-илова намуд Насимҷон Ойев.
Дар ҷаласа олимону коршиносон оид ба масоили рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳуҷҷатҳои стратегии мамлакат, рушди устувор дар доираи таъмини дастрасӣ ва истифодаи самараноки захираҳои обӣ ва ҷанбаҳои истифодабарии захираҳои табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърўза намуданд.
Кори бахшҳо ва майдонҳои мубоҳисаҳои илмӣ дар донишкада тўли ҳафта идома хоҳад ёфт.

Апрель 24, 2017 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе 176 кило гӯшти бедонаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда мусодира гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мегардад
«Қиссаҳои Шераки Ориён» аз чоп баромад
5 август дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мешавад
Дар Вена масоили густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии Австрия оид ба рушд баррасӣ шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир мегардад
Дар шаҳри Душанбе ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд
4 август дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир мегардад
Дар Остона ҷаласаи намояндагони аршади Саммити Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея баргузор гардид