Ҷаласаи Клуби мудирони бонкҳои марказии кишварҳои Осиёи Марказӣ, минтақаи Баҳри Сиёҳ ва Балкан дар Туркия

Апрель 8, 2017 13:22

ДУШАНБЕ, 08.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Анталияи Туркия ҷаласаи 37-уми Клуби мудирони бонкҳои марказии кишварҳои Осиёи Марказӣ, минтақаи Баҳри Сиёҳ ва Балкан баргузор гардид. Дар ин бора аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаласа Ҷамшед Нурмаҳмадзода, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон намояндагӣ намуд. Дар ҷаласа масъалаҳои густариши ҳамкории минтақавӣ оид ба масъалаҳои монетарӣ, бонкӣ, молиявӣ, инчунин роҳҳои мусоидат ба рушди устувори низоми молиявию бонкӣ дар кишварҳои аъзои Клуби мудирони бонкҳои марказии кишварҳои Осиёи Марказӣ, минтақаи Баҳри Сиёҳ ва Балкан баррасӣ гардиданд.
Зимни ҷаласа 13 намояндаи кишварҳои аъзо бо муаррифӣ сухан гуфтанд, аз ҷумла раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар кори ҷаласа мавзӯи «Рушди кунунии иқтисодиёт»-ро пешкаши ҳозирин намуд.
Дар доираи сафари корӣ ба аъзои Клуби мазкур инчунин имконият фароҳам омад, ки дар самти гузаронидани ислоҳоти низоми бонкӣ, татбиқи самараноки сиёсати монетарӣ ва роҳҳои бартараф намудани буҳрони молиявию иқтисодӣ бо намояндагони кишварҳои аъзо мубодилаи андеша намоянд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни сафари корӣ бо Раиси Бонки марказии Туркия Мурат Четинкай ва Раиси Бонки миллии Гурҷистон Коба Гвенетадзе вохӯрӣ гузаронида, масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти низоми бонкии кишвар, бозомӯзии кормандон ва мубодилаи таҷрибаҳоро муҳокима намуданд.
Боиси тазаккур аст, ки ба ҳайати Клуби мудирони бонкҳои марказии кишварҳои Осиёи Марказӣ, минтақаи Баҳри Сиёҳ ва Балкан бонкҳои марказии 25 кишвар, аз ҷумла давлатҳои ИДМ, Осиёи Марказӣ, Туркия, Гурҷистон, Исроил, Хитой ва ҷануби шарқи Аврупо шомил буда, он соли 1988 бо мақсади рушди муносибатҳои ҳамкорӣ байни бонкҳои марказӣ, омӯзиши имкониятҳои ҳамкории техникӣ дар соҳаи низоми бонкӣ ва молия, мубодилаи таҷриба дар самти танзим ва молия таъсис дода шудааст.

Апрель 8, 2017 13:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст