Ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия боз ҳам бештар тавсеа меёбанд
ДУШАНБЕ, 13.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода сафири Россия дар Тоҷикистон Игорь Лякин-Фролов, муовини роҳбари Агентии федералӣ оид ба корҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил, ҳамдиёрони дар хориҷ ба сар баранда ва оид ба ҳамкориҳои байналмилалии гуманитарӣ («Россотрудничество») Дмитрий Гужеля ва роҳбари намояндагии «Россотрудничество» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Михаил Вождаевро ба ҳузур пазируфт.
Дар рафти суҳбат атрофи масъалаҳои вобаста ба тавсеаи ҳамкорӣ дар заминаҳои илму маориф, фарҳанг, санъат, варзиш ва сайёҳӣ мубодилаи судманди афкор сурат гирифт.
Абдуҷаббор Раҳмонзода баён дошт, ки туфайли сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони русӣ дар ҷомеа мавқеи устувор пайдо кардааст. Имрўз дар Тоҷикистон 161 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 64194 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Айни ҳол дар муассисаҳои таҳсилоти олии Россия беш аз 15000 нафар донишҷўёни тоҷик таҳсил менамоянд, ки аз ин 12000 нафарашон тариқи квота дохил шудаанд.
Ҳамчунин доир ба баргузории ярмаркаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия ва иштироки наврасону ҷавонони тоҷик изҳори назар карда шуд. Беш аз 40 муассисаи таҳсилоти олии касбии минтақаҳои Федератсияи Россия дар ин чорабинӣ ширкат варзиданд. Иброз гардид, ки минбаъд теъдоди квотаҳои ройгони Вазорати маориф ва илми Россия барои довталабони тоҷик зиёд карда шавад.
Ҷонибҳо аз ҳамкориҳои гуманитарии миёни Тоҷикистону Россия изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки барои таҳкиму тавсеаи минбаъдаи он мусоидат хоҳанд кард.











Дар Хадамоти иҷро масъалаи рақамикунонӣ ва тақвияти ҳамкории байниидоравӣ дар шароити муосир баррасӣ гардид
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ доир шуд
Форуми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак баргузор гардид
Байни Тоҷикистону Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Таҷрибаи рушди маҳал ва маорифи Тоҷикистон дар форуми Москва муаррифӣ карда шуд
Дар Душанбе 16-умин Муколамаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон доир шуд
ОГОҲӢ! Аз 27 то 29 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Ба шарафи варзишгарони тоҷик Парчами давлатии Тоҷикистон зиёда аз 850 маротиба баланд бардошта шуд
Сокинони Рашт бо парчамҳои давлатӣ ва руҳияи баланди ватандӯстӣ ба роҳпаймоӣ баромаданд
Беш аз 30 ҳазор сокинони Хуҷанд ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ба роҳпаймоӣ баромаданд
Дар Бохтар беш аз 40 ҳазор нафар ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ намуданд
ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҚАТОРИ БАЛАНДТАРИН ПАРЧАМҲОИ ҶАҲОН. Эҳдо ба Рӯзи Парчами миллӣ






