Ҳамкории Тоҷикистон ва JICA густариш меёбанд
ДУШАНБЕ, 11.02. 2017. /АМИТ «Ховар»/. Баргузории ҷаласаи якуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Япония, рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи сармоягузорӣ, тандурустӣ, маориф ва сайёҳӣ аз мавзӯъҳое буданд, ки зимни мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо Роҳбари навтаъйини Намояндагии Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар шаҳри Душанбе Ҳидеки Танабе мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд, ҷонибҳо омодагии хешро барои ба сатҳи ҷадид баровардани муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Япония изҳор намуда, азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва JICA баён доштанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






