Артиши миллӣ бо сарбозону афсарони содиқу бошараф ифтихор мекунад

Апрель 12, 2017 15:14

ДУШАНБЕ, 12.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар қисми ҳарбии 051055 Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори сержантону сарбозоне, ки ду сол қабл барои хизмати содиқона ба халқу Ватан ва моҳирона аз худ кардани маҳорату малакаи хизмати ҳарбӣ дар назди падару модар ва ҳайати фармондеҳии Гвардияи миллӣ Савганди ҳарбӣ ёд карда буданд, ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.
Дар ин бора аз Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ализода Ҷонибек, сардори Сарситоди Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр кард: «Дар вазъияти тантанавӣ бо Байрақи Ҷангии қисми ҳарбӣ хайрбод гуфтан на ба ҳар хизматчии ҳарбӣ мушарраф мешавад ва ин анъанаро аз даст надода, бояд ҳамеша барои давом додани хизмати содиқонаву софдилона ба манфиати халқу Ватан омода бошанд. Зеро Артиши миллӣ ҳамеша ба сарбозону афсарони содиқу бошараф, мутахассисони лаёқатманди касбӣ эҳтиёҷ дорад ва хизмати шоиста, матонату диловарии онҳо дар ҳифзу ҳимояи Ватан боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст».
Ҳамчунин барои хизмату интизоми намунавӣ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, ҳарбӣ, фарҳангиву варзишӣ як гурӯҳ сержантон аз ҷониби командирони қисмҳои ҳарбӣ бо рутбаҳои навбатии ҳарбӣ, ифтихорнома, мактубҳои миннатдорӣ ба волидон сарфароз гардонида шуданд.

Апрель 12, 2017 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад