Артиши Сурия калонтарин такягоҳи террористонро дар шимоли музофоти Хома торумор кард
ДУШАНБЕ, 24.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Артиши Сурия бо дастгирии иттифоқчиёнаш ҷангиёнро аз деҳаи Халфияи шимоли музофоти Хома берун кард. Дар ин бора «РИА Новости» хабар медиҳад.
Халфия яке аз калонтарин такягоҳҳои гурӯҳи террористии «Ҷабҳат ан-Нусра» /мамнӯъ дар Тоҷикистон/ дар ин қисмати Сурия маҳсуб мешавад.
Илова бар ин, ба артиш муяссар гардид, ки деҳаҳои Аз-Зувайр, Залин ва Бтейшро низ аз террористон озод намояд. Ҳоло неруҳои ҳукуматӣ ба самти марзҳои музофотҳои Латакиё ва Идлиб ҳаракат дошта, ҷангиёнро маҷбур доранд ба таври оммавӣ ақибнишинӣ намоянд.
Дастаҳои муҳандисии артиши Сурия аллакай азназаргузаронии ҳудудҳои озоднамударо бо мақсади пайдо ва безарар кардани дастгоҳҳои тарканда оғоз намуданд.
Чанде пеш артиши Сурия баландиҳои муҳими стратегӣ Уқоб ва Ал-Манторро дар наздикии шаҳри Тибет Ал-Имом зери назорат гирифт.
Қаблан иттилоъ расид, ки аз моҳи январ инҷониб неруҳои ҳукуматӣ аз ҷангиёни гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» 228 маҳаллаи аҳолинишинро озод намуда, 3975 километри мураббаъро зери назорат гирифтанд. Шумораи маҳаллҳои аҳолинишини ба раванди сулҳ ҳамроҳшуда ба 1468 адад расид.








Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






