«Ҷавонон муқобили терроризм ва ифротгароӣ»- ҳамоиш дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 27.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти кормандони шуъбаи корҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ бо донишҷўён ва хонандагони литсеи донишкада доир гардид.
Тавре аз Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат иттилоъ доданд, мақсад аз баргузории ҳамоиш ба ҷавонон фаҳмонидани воқеоти ҷаҳони муосир, пешгирӣ аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористию ифротӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои тундрав мебошад.
Баҳриддин Ҷабборов, муовини ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат иброз дошт, ки «дар ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳонӣ, дар ҳоле, ки гурӯҳҳои гуногуни ифротгаро бо мақсадҳои нопоки худ мехоҳанд ҳаёти ҷомеаи солимро ноором созанд, ҷавононро мебояд бар зидди ин зуҳуроти номатлуб мубориза баранд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки «Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки набошанд, бояд дар худ ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлол ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд».
Дар мулоқот доир ба масоили нақши ҷавонон дар пешрафту шукуфоии мамлакат, дастовардҳои ҷавонон дар солҳои истиқлолият ва дастгирии Ҳукумати мамлакат аз ташаббусҳои созандаи ҷавонон сухан рафт.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






