Ҷавонон неруи созанда ва пешбарандаи ҳар қавму миллат мебошанд

Апрель 27, 2017 16:06

ДУШАНБЕ, 27.04. 2017 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли ҷавонон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ, мулоқоти намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ва Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим бо донишҷӯён баргузор гардид. Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар ҳамоиши мазкур Шоҳзод Раҳимов, сардори Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ сухан карда, таъкид намуд, ки ҷавонон неруи созанда ва пешбарандаи ҳар қавму миллат мебошанд. Аз ин рӯ ҷавононро мебояд баҳри пешбурди тамоми соҳаҳои кишвар камари ҳиммат банданд ва пайваста баҳри ин талош намоянд.
Инчунин дар ҳамоиш зикр гардид, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ ҷавонон бояд бо донишҳои фанниву техникӣ пурра муҷаҳҳаз бошанд, то дар ин раванд тавонанд обрӯю эътибори кишвар ва миллати худро дар арсаи ҷаҳонӣ боло бароранд.
Дар фарҷом байни донишҷӯён ва меҳмонон суҳбати озод ва суолу ҷавоб сурат гирифт.

Апрель 27, 2017 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд