Ба сокинони водии Рашт моҳияти авфи муҳоҷирони меҳнатӣ фаҳмонида шуд
ДУШАНБЕ, 17.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Чанде пеш гурӯҳи корӣ таҳти сарварии Хайриддин Маҳмадуллоев, муовини сардори Раёсати муҳоҷирати дохилӣ ва экологии Хадамоти муҳоҷират аз шаҳри Роғун, ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Лахш ва Сангвор дидан намуда, зимни вохӯрию суҳбатҳо бо сокинони ин минтақа масъалаи расмикунонии муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Россияро фаҳмониданд. Дар ин бора аз Хадамоти мазкур хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар вохӯриҳо бо сокинони водии Рашт моҳияти авфи муҳоҷирони меҳнатӣ фаҳмонида шуда, ба шаҳрвандон пешниҳод намуданд, ки пеш аз рафтан ба муҳоҷирати меҳнатӣ барои санҷиши шиносномаҳо ба сохторҳои Хадамоти муҳоҷират дар маҳал муроҷиат кунанд. Сохторҳо уҳдадор гардидаанд, ки вақт ва муҳлати қабули шаҳрвандонро дароз карда, дар сатҳи баланди одоби хизматӣ қабули шаҳрвандонро ба роҳ монанд. Инчунин дар ин сохтор рӯзҳои истироҳатӣ то 25 апрели соли равон рӯзҳои корӣ эълон шудаанд.
Бояд гуфт, ки мавсими сафари муҳоҷирони меҳнатӣ аз ин минтақа аз моҳҳои апрел ва май оғоз гардида, даромади аксарияти аҳолӣ аз ҳисоби маблағи муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад. Бинобар ин яке аз масъалаҳои муҳим- ин донистани қонунгузорӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ дар кишвари қабулкунанда мебошад.
Инчунин ба ҷавононе, ки бори аввал ба Федератсияи Россия ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар мекунанд, тавсия дода шуд, ки дар сурати надоштани касбу кори мувофиқ барои аз худ намудани касб ва гирифтани шаҳодатноми малакаи касбӣ ба филиалҳои Муассисаи давлатии «Марказҳои таълими калонсолони Тоҷикистон» дар маҳал муроҷиат намоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






