Барқияи табрикии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Украина Пётр Порошенко
ДУШАНБЕ, 24.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Украина Пётр Порошенко барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Муҳтарам Петр Алексеевич,
Ба муносибати биступанҷумин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина ба Шумо ва тамоми мардуми Украина табрикоти самимии хешро иброз менамоям.
Боиси хушнудист, ки тайи ин давра кишварҳои мо бо такя ба анъанаҳои деринаи робитаҳои ҳасанаи мардумони худ муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои дуҷонибаи мутақобилан судмандашонро пайгирона густариш доданд.
Мо нисбати дурнамои ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Украина дидгоҳи нек дорем ва итминон дорем, ки дар якҷоягӣ метавонем ба ин раванд бар нафъи ривоҷу равнақи ду кишвар ва таъмини некуаҳволии мардумонамон вусъати бештар бахшем.
Ба Шумо, муҳтарам Петр Алексеевич, сиҳатмандии комилу комёбиҳои навин ва ба мардуми дӯсти Украина бошад, сулҳу субот ва пешравиҳо орзумандам».








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар






