Барфу борон ба беш аз 40 оила дар шаҳри Хоруғ имкон намедиҳад, ки ба хонаҳояшон баргарданд

Апрель 5, 2017 11:28

ХОРУҒ, 04.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бештар аз як ҳафта дар шаҳри Хоруғ гоҳе барфу гоҳе борон меборад ва ҳамарӯза дар маҳаллаҳои сераҳолии назди бозор ва варзишгоҳи марказии шаҳр афтодани кӯҳпораҳои азим ба чашм мерасад. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази маъмурии ВМКБ иттилоъ дод.
Сардори ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилоят Наим Мираков гуфт, ки «то ба имрӯз бештар аз 14 хонаи истиқоматӣ хароб гардида, наздик ба 50 оилае, ки дар мавзеъҳои хатарнок зиндагӣ мекунанд, манзилҳояшонро тарк кардаанд. 3 апрел як санги калон ба бинои Маркази тиҷоратии «Помирплаза», воқеъ дар бозори марказӣ бархӯрд ва фурӯшгоҳи онро дар ошёнаи дуюм хароб кард. Ҳамарӯза аз кӯҳ рехтани сангпораҳо мушоҳида мешавад, аммо ба касе осеб нарасидааст. Яке аз сабабҳои ба маҳалла нарасидани ин сангпораҳо дар он аст, ки чанд сол пеш мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳамкорӣ бо созмони башардӯстонаи «Фокус» зинапояҳо бунёд карданд. Дар бештари маврид маҳз ҳамин зинапояҳо садди роҳи сангчарху сел мегарданд».
Ба гуфтаи сардори ситоди ҳолатҳои фавқулодаи вилоят, хушбахтона, роҳҳои мошингард ба пойтахти кишвар ва ноҳияҳо бозанд. Танҳо роҳи мошингард ба тарафи ноҳияи Ишкошим ҳанӯз аз сабаби фаромадани тарма ва сангчарх баста аст.
Ба хотири ҳифзи молу амволи сокиноне, ки манзилашонро тарк кардаанд ва сари вақт огоҳ намудани шаҳрвандон аз хатари сангчарх дар ҳамаи маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ аз ҳисоби кормандони ситоди ҳолатҳои фавқулода ва ихтиёриён навбатдории шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст.

Апрель 5, 2017 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе