Барои кӯдакони шунавоияшон суст китобҳои «Воситаҳои аёнӣ» ва «Роҳнамои омӯзгор» ба нашр расиданд
РӮДАКӢ, 07.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли ҷавонон ва 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ китобҳои устоди Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони дорои шунавоии суст ва деркаршудаи ноҳияи Рӯдакӣ Шодмон Шодмонов «Воситаҳои аёнӣ» барои кӯдакони норасоиҳои шунавоидоштаи синни томактабӣ ва хурди мактабӣ ва «Роҳнамои омӯзгор» дар бораи кор бо кӯдакони дорои норасоиҳои шунавоӣ ба нашр расиданд. Дар ин бора аз муассисаи мазкур ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Ба гуфтаи муаллиф, китобҳои «Алифбо барои кӯдакони сустшунав» ва «Инкишофи нутқ» дар арафаи чопанд. Ин 4 китоб ба омӯзгорон, мураббиён, волидон ва донишҷӯёни мактабҳои олии педагогӣ, ки минбаъд ба таълиму тарбияи чунин кӯдакон машғул мешаванд, ёрии амалӣ мерасонанд.
Дар китобҳои мазкур бо истифодаи маводи дақиқ, расму тасвирҳо дар бораи сохт, вазифа ва шунавоии узвҳои шунавоӣ, нақши онҳо дар рушди шахсияти кӯдак ва оқибатҳои норасоиҳои шунавоӣ маълумот дода шудааст. Инчунин таснифи омехташавии овозҳо, сохтори мураккаби нуқсонҳои шунавоӣ тартиб ёфтаанд, ки барои кормандони соҳаи сурдопедагогика хеле муҳим арзёбӣ мешаванд.
Китобҳои мазкурро, ки бо теъдоди кам ба нашр расидаанд, волидайни маъюбон ва омӯзгорони кӯдакони дорои норасоиҳои шунавоӣ метавонанд аз Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони дорои шунавоии суст ва деркаршудаи ноҳияи Рӯдакӣ дастрас намоянд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст






