Барои марҳилаи дуюми барқарорсозии Шабакаи обрасонии шаҳри Хоруғ 4 миллиону 500 ҳазор доллар ҷудо гардид
ДУШАНБЕ, 27.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи марҳилаи дуюми барқарорсозии Шабакаи обрасонии шаҳри Хоруғ ва барои аз вазъияти ногувор баровардани Корхонаи фаръии обу ткорези шаҳри Хоруғ дар мулоқоти Шодихон Ҷамшед, Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон бо ҳайати намояндагони Барномаи барқарорсозии шабакаҳои обрасонии давлати Олмон, ки бо роҳбарии Брайн Ҷонс дар ин вилоят қарор дорад, баррасӣ гардид.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар доданд, намояндагони Барномаи барқарорсози шабакаҳои обрасонии давлати Олмон изҳор доштанд, ки ҷиҳати амалисозии ин лоиҳа аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 4 миллиону 500 ҳазор доллари ИМА ҷудо гардидааст. Дар навбати аввал шакли ҳозираи фаъолияти корхона мавриди омўзиш қарор дода шуда, дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тартиби дурусти фаъолияти минбаъдаи он муайян хоҳад гашт.
Шодихон Ҷамшед таъкид намуд, ки маблағи ҷудогардида бояд мақсаднок истифода бурда шавад, то натиҷаҳое, ки роҳбарияти вилоят ва сокнони шаҳри Хоруғ аз амалишавии ин лоиҳа интизорӣ доранд, ба даст оянд.
Ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки амлисозии лоиҳаро дар фурсати кўтоҳтарин оғоз намуда, баҳри анҷоми босифати он тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ намоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






