Баррасии масоили арзёбии осебпазирӣ ва бехатарии муҳоҷирон бо намояндагони Созмони байналмилалии муҳоҷират

Апрель 27, 2017 11:43

ДУШАНБЕ, 27.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз сардори Раёсати ҳамкории байналмилалии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зумрад Абдуллозода бо намояндагони Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон Баҳром Раҳматҷонов ва коршиноси миллии созмони мазкур Алишер Ёрбобоев вохӯрӣ доир намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии ҶТ хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои арзёбии осебпазирӣ, бехатарии муҳоҷирон, зарурати ҳамгироии муҳоҷирони ба Ватан баргашта ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳро муҳокима намуданд.
Сардори Раёсати ҳамкории байналмилалии вазорат изҳор намуд, ки дар доираи Ёддошти тафоҳуми аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони байналмилалӣ оид ба муҳоҷират 15 феврали соли 2006 ба имзорасида ҳамкории Вазорати корҳои дохилӣ бо созмони мазкур дар сатҳи хуб ба роҳ монда шуда, дар самтҳои дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ, аз қабили савдои одамон, шомилшавии шаҳрвандон ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ корҳои назаррас анҷом дода шудаанд. Бо дастгирии ин созмон кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар чандин конференсияву семинарҳо иштирок намуда, таҷрибаи дигар кишварҳоро мавриди омӯзиш қарор доданд.
Намояндагони Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати ҳамкории мутақобилан судманд дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки созмони онҳо минбаъд низ ҳамкории дуҷонибаро дар ин самт вусъат мебахшад.

Апрель 27, 2017 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд