Баррасии масоили ба қайд нагирифтани муроҷиати шаҳрвандон дар вилояти Хатлон
ДУШАНБЕ, 27.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Масоили ба қайд нагирифтани муроҷиати шаҳрвандон, таҳлили сатҳи ҷинояткорӣ, назорати риояи қонунгузорӣ дар бораи андоз ва мубориза бар зидди экстремизм дар ҷаласаи прокуратураи вилояти Хатлон оид ба ҷамъбасти фаъолияти семоҳа мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
«Яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти прокуратура кор бо муроҷиати шаҳрвандон аст. Мутаассифона, дар бисёр ҳолатҳо хунукназарӣ нисбат ба муроҷиати мардум боиси он мешавад, ки онҳо ба мақомоти болоӣ муроҷиат кунанд»,- зикр кард Насрулло Маҳмудов, прокурори вилояти Хатлон.
Бино ба гуфтаи Н. Маҳмудов, ҳодисаҳои даст ба худкушӣ задани ноболиғон ва ҷавонон ташвишовар буда, дар амри пешгирии онҳо дар фаъолияти муассисаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо камбудиҳои ҷиддӣ ҷой доранд
Дар ҷаласа зикр гардид, ки дар самти риояи қонунгузорӣ дар бораи андоз 40 санҷиш гузаронида, барои бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 350 санади прокурорӣ бароварда, бо баррасии онҳо 209 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва маъмурӣ кашида шудааст. 5 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 10 даъво оид ба рӯёнидани қарзи андоз ба маблағи 1,3 млн. сомонӣ ба суди иқтисодӣ оварда шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм» диққати махсус дода, дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 60 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Ҳамчунин зикр гардид, ки сатҳи содиршавии ҷиноят дар вилоят коҳиш ёфта, ҳамагӣ 1296 ҷиноят ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 66 ҷиноят кам мебошад. Сатҳи кушодавии ҷиноятҳо дар вилоят 74 фоизро ташкил дод. Дар ин замина сатҳи содиршавии ҷиноятҳои махсусан вазнин ва вазнин дар вилоят зиёд гардида, аз 224 ба 272 ҳолат расидааст.
Аз ҷониби прокуророн дар семоҳаи аввали соли 2017-ум 68 ҷинояти аз қайд пинҳонмонда ошкор ва ба қайд гирифта шуда, 11 парвандаи ҷиноятӣ бо тасдиқи хулосаи айбдоркунӣ ба суд ирсол гардидааст. Бо натиҷаи баррасии пешниҳодҳои прокуророн 21 нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ барои даст задан ба рӯйпӯшкунии ҷиноят ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шудаанд.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






