Баррасии ҳолати кунунӣ ва муосири рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ
ДУШАНБЕ, 28.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи (славянии) Россияву Тоҷикистон (ДСРТ) бахшида ба Соли ҷавонон чорумин конфронси байналмилалӣ-илмии донишҷӯён дар мавзӯи «Ҳолати кунунӣ ва муосири рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ» баргузор гардид.
Конфронс бо ташаббуси факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи (славянии) Россияву Тоҷикистон бо мақсади дар сатҳи баланд тарғиб намудани ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Соли ҷавонон эълон гаштани соли 2017 ташкил шуда, дар кори он меҳмонон аз дигар кишварҳо иштирок намуданд. Дар конфронс декани факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Олтой, профессор Евгений Петухов, декани факултаи ҳуқуқҳои олии Мактаби иқтисодӣ, дотсент Евгений Салигин, аспиранти Донишгоҳи давлатии иқтисодии Беларус Олга Полешук ва донишҷӯён маърӯза карданд.
Декани факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Олтой, профессор Евгений Петухов баргузории ин гуна конфронсҳои илмиро падидаи хубе баҳри пешбурд ва тақвияти робитаҳои дӯстӣ ва илмӣ миёни донишҷӯён ва устодони ду ҷониб хонда, иштироки худ ва донишҷӯёни Донишгоҳи Олтойро дар он масъулияти бузург ва фахрӣ хонд. «Ташрифи ман ба кишвари офтобиву меҳмондӯсти Тоҷикистон, вохӯриҳои ман бо ҳамкорон ва бо шумо, донишҷӯёни гиромӣ, дар афкору андешаам таассуроти хеле хубу хотирмонеро боқӣ гузошт, ки наметавон ин эҳсосро бо сухан баён кард. Бо дидани донишҷӯёни дорои фарҳангу маданияти баланд ва либосҳои тарғибкунандаи фарҳанги миллӣ, ман мехоҳам бигӯям, ки насли ҷавони ин кишвар оянда пешбарандаву рушддиҳандаи Тоҷикистон хоҳад буд».
Дар кори конфронс маърӯзаҳо дар мавзӯи «Мушкилоти ҳуқуқии раванди муҳоҷират дар мисоли муҳоҷирати меҳнатии муосири аҳолии Тоҷикистон», «Чанд нуктаи ҳуқуқҳои конститутсионии мақоми президенти Ҷумҳурии Беларус», «Асосҳои ҳуқуқии сиёсати муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистон: мушкилоти асосӣ», «Таснифи ҳуқуқу озодиҳо ва уҳдадориҳои инсон дар таълимоти Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва ғайра хонда шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






