Бо мақсади шарҳ додани масъалаи авфи муҳоҷирони меҳнатӣ гурӯҳи корӣ ташкил карда шуд

Апрель 5, 2017 15:08

ДУШАНБЕ, 05.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади шарҳи авфи муҳоҷирони меҳнатӣ, ки аз ҷониби Федератсияи Россия эълон шудааст, дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ ташкил карда шуд. Дар ин бора аз Хадамоти муҳоҷират хабар доданд.
Тавре ки манбаъ иттилоъ дод, ҷиҳати иҷрои Барқияи ҳукуматӣ аз 3 апрели соли равон оид ба корҳои ташвиқотию фаҳмондадиҳӣ оид ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бинобар риоя накардани қонунгузории истиқомат аз ҳудуди Федератсияи Россия хориҷ карда шудаанд, гурӯҳи корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафарбар гардид.
Бояд зикр намуд, ки аъзои гурӯҳи корӣ аз 4 то 12 апрел дар минтақаҳои Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо кормандони шуъбаву бахшҳои Хадамот, роҳбарони мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ вохӯрӣ намуда, оид ба ин масъала маслиҳатҳои муфид медиҳанд.
Мақсади ташкили гурӯҳи корӣ- пурзӯр намудани корҳои иттилоотӣ ва фаҳмондадиҳӣ аз тарафи шуъбаву бахшҳо дар ҷамоатҳои сераҳолӣ мебошад.
Хотиррасон менамоем, ки тибқи қарори Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар муҳлати як моҳ- аз 25 март то 24 апрели соли 2017 дар тамоми қаламрави Федератсияи Россия барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расмикунонии истиқомат тавассути бақайдгузорӣ дар мақомоти муҳоҷират ва тамдиди муҳлати будубош имконият дода мешавад.

Апрель 5, 2017 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе