Бонки миллии Тоҷикистон омода аст бо Агентии «Ҷайка»-и Ҷопон ҳамкорӣ намояд
ДУШАНБЕ, 19.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон ба намояндагии Агентии «Ҷайка» (JICA)-и Ҷопон дар хусуси самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ муроҷиат намудааст ва ҳамеша барои рушди ҳамкории дуҷонибаи судманд омода аст. Ин нуктаро Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон зимни мулоқот бо Ҳидеки Танабе, роҳбари тозаинтихоби Агентии «Ҷайка»-и Ҷопон баён дошт. Дар ин бора аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мулоқот ҳамзамон вазъи феълии низоми бонкии кишвар ва навоварию ислоҳот дар Бонки миллии Тоҷикистон баррасӣ шуданд. Ҷ.Нурмаҳмадзода аз дастгирии Агентии «Ҷайка»-и Ҷопон дар самти омӯзиши мутахассисони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи JDS («Барномаи бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди иқтидори захираҳои инсонӣ») дар риштаи иқтисод изҳори миннатдорӣ намуда, барои тавсеа бахшидани ин раванд ҷиҳати зиёд намудани бурсияҳои таълимӣ изҳори умед намуд.
Ҷ. Нурмаҳмадзода зикр намуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар бахши омода намудани мутахассисон, табодули таҷриба ва ҷалби кумакҳои техникӣ дар самти низоми бонкӣ ҳавасманд мебошад.
Дар мулоқот Ҳидеки Танабе, роҳбари тозаинтихоби Агентии «Ҷайка»-и Ҷопон барои рушди ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятноки зикршуда, аз ҷумла расонидани кумаки техникӣ дар самти такмили мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон дар риштаҳои таҳлил ва пешгирии хавфҳо, сиёсати монетарӣ, макроиқтисодӣ ва амсоли инҳо изҳори омодагӣ намуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






