Боронҳои пай дар пай ба як қатор иншооти ёрирасон зарар расонид

Апрель 4, 2017 11:43

ДУШАНБЕ, 04.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи боронҳои пай дар паи дирӯза дар баъзе минтақаҳои кишвар ярч фаромада, ба як қатор иншооти ёрирасони ноҳияҳои ҷумҳурӣ зарар расонид.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, 3 апрел дар натиҷаи боронҳои зиёд сатҳи оби канали Оқтоки ҷамоати Қиблаии ноҳияи Рӯдакӣ баланд шуда, ба рахнашавии қисмати он оварда расонид. Дар натиҷаи он ба баъзе қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ об даромад.
Дар ҳамин рӯз, ҳамчунин дар яке аз кӯчаҳои шаҳраки Оби Гарм фаромадани ярч ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷа маҷрои дарёи Кундаланг қисман маҳкам шуда, ба се иншооти ёрирасони сокинон зарар расонид.
Дар ин рӯз фаромадани ярч дар ҷамоати Нусратулло Махсуми деҳаи Шули ноҳияи Рашт низ ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷаи он иншооти ёрирасони як сокини маҳаллӣ қисман зарар дид. Илова бар ин дар ин деҳа фаромадани ярч ба 22 хочагӣ таҳдид мекунад.
Бо мақсади пешгирӣ намудани талафот аз тарафи кормандони Кумита дар якҷоягӣ бо намоянагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ-тарғиботӣ баргузор гашта, аҳолӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуд.
Дар паи ин офатҳои табиӣ ягон қурбонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Апрель 4, 2017 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад