Дар Қазоқистон оид ба бемории сил миёни муҳоҷирон семинари омӯзишӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 12.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон семинари омўзишӣ барои рўзноманигорон дар мавзўи «Инъикоси бемории сил миёни муҳоҷирони меҳнатӣ тариқи ВАО» баргузор гардид.
Тавре мудири шуъбаи коммуникатсия ва робита бо ҷомеаи Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солими Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Урунбоев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ҳамоиш рўзноманигорон аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон иштирок намуданд.
Бахтиёр Бобомуродов, директори Лоиҳаи ҲОУП дар Қазоқистон иброз намуд, ки семинар бевосита ба назорати байнисарҳадии бемории сил миёни муҳоҷирони меҳнатӣ бахшида шудааст. Ба гуфтаи номбурда, Лоиҳа аз соли 2015 дар ин самт фаъолият намуда, танҳо дар ин сол 1710 муҳоҷири меҳнатӣ аз ташхис гузаронида шуданд, ки дар натиҷа 22 ҳолати гирифторшавӣ ба бемории сил ошкор гардид.
Ҳамчунин Бахтиёр Бобомуродов зикр кард, ки дар сурати мавриди амал қарор гирифтани Созишнома оид ба назорати байнисарҳадии бемории сил байни муҳоҷирони меҳнатӣ ташхису табобати муҳоҷирон осон мегардад ва ба онҳо имкониятҳои дигар низ дода мешавад.
Семинари омӯзишии «Инъикоси бемории сил миёни муҳоҷирони меҳнатӣ тариқи ВАО» аз ҷониби намояндагони Лоиҳаи ҲОУП дар Қазоқситон ва кумаки молиявии Фонди глобалӣ роҳандозӣ шудааст.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст






