Дар «Баҳори ҷавонӣ» асарҳо дар мавзӯи ваҳдат ба намоиш гузошта шудаанд
ДУШАНБЕ, 27.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар муассисаи фарҳангии Арт-галереяи «Сомониён»- шаҳри Хуҷанд бахшида ба Соли ҷавонон ва 20- солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ» намоиши мусаввараҳо доир гардид.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд, дар намоиш Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ, раиси Иттифоқи рассомони вилоят Насиба Эшонова, Рассоми халқии Тоҷикистон Комил Ёдгоров ва дигарон оид ба арзишҳои Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон сухан карданд.
Намоиш то охири моҳи май идома ёфта, хоҳишмандон метавонанд аз он боздид кунанд.
Зикр гардид, ки намоиши мусаввараҳо таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ» бо мақсади ба намоиш гузоштани асарҳои мусаввирии ҷавонон баргузор гардида, ҳамаи асарҳои намоишӣ дар мавзӯи ҷавонӣ ва Ваҳдат офарида шудаанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






