Дар Душанбе ҷашни Рӯзи пойтахт бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷараён дорад

Апрель 15, 2017 13:28

ДУШАНБЕ, 15.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи пойтахт бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Дар боғҳои фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо», «Боғи Рӯдакӣ», «Кӯли ҷавонон» ва майдони 800-солагии Москва сайругашти оммавии сокинон ва меҳмонони шаҳр идома дорад. Шоми имрӯз соати 17:00 дар Амфитеатри Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахт маросими тантанавии супоридани мукофотҳо ба ғолибони озмунҳои шаҳрӣ ва бо иштироки сарояндаҳои эстрадаи тоҷик консерти идона барпо мегардад.
Тавре аз Раёсати иттилоотӣ ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, ҷашн бо ниммарафони VIII байналмилалии Душанбе оғоз гардида, дар он варзишгарони Россия, Украина, Афғонистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Эрон, Кения, Эфиопия, Швейтсария, Лаҳистон ва Покистон иштирок доранд. Ниммарафон субҳи имрӯз дар боғи «Наврӯзгоҳ» оғоз гардид. Иштирокдорони он тариқи гузаргоҳи Чорбоғ дар қисмати шимолии пойтахт масофаи 21 км 097 метрро тай карда, дар майдони Дӯстӣ, назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ба марра расиданд.
Чорабинии мазкур бо мақсади рушди варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим, устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ бо бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои бо Душанбе ҳамкории судманди иқтисодиву иҷтимоидошта доир мегардад.
Хотиррасон менамоем, ки барои баргузории ниммарафон аз фонди Раиси шаҳри Душанбе 316 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, барои ғолибони ҷойҳои аз 1 то 6-ум байни мардону занон мукофотпулиҳои зерин муқаррар гардидаанд: ҷойи 1 — 28 ҳазору 700 сомонӣ; ҷойи 2- 24 ҳазору 600 сомонӣ; ҷойи 3 — 20 ҳазору 500 сомонӣ; ҷойи 4 — 16 ҳазору 400 сомонӣ; ҷойи 5 — 14 ҳазору 760 сомонӣ ва мақоми 6 — 12 ҳазору 300 сомонӣ.

Апрель 15, 2017 13:28

Хабарҳои дигари ин бахш

«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд