Дар Душанбе Конфронси илмӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» баргузор гардид

Апрель 27, 2017 14:33

ДУШАНБЕ, 27.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе конфронси илмӣ таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028-Имкониятҳои нав барои ноил гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор» баргузор гардид.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, конфронс бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар сатҳи баланд тарғиб намудани ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гаштани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 ташкил карда шуд.
Зарина Файзуллозода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино зикр намуд, ки мақсади конфронс ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба захираҳои обӣ ҳамчун асоси зиндагии инсон ва рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ, вусъат бахшидани ҳамкорӣ ва шарикӣ дар ҳамаи сатҳҳо ҷиҳати татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди уствор» ва расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор вобаста ба об мебошад.
Дар конфронс маърӯзаҳо дар мавзӯъҳои «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди ташаббусҳои глобалӣ дар соҳаи об» аз ҷониби муовини аввали Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода, «Нақши илм дар татбиқи ҳадафҳои «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби ходими калони илмии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои ҶТ Ҳасан Асоев, «Нақши Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои ҳалли масъалаҳои экологӣ дар Тоҷикистон дар алоқамандӣ бо Ҳадафҳои рушди устувор» аз тарафи муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ойхон Шарипова шунида шуданд.
Зикр гардид, ки бо пуштибонӣ аз иқдоми навбатии Сарвари давлат ҳар як шахси мутасаддӣ вазифадор аст, ки моҳияти ин амали бузургро ба аҳолӣ, бахусус наврасону ҷавонон фаҳмонад.

 

Апрель 27, 2017 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад