Дар Хатлон соҳибкорзани муваффақи солро интихоб мекунанд
ДУШАНБЕ, 25.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо мақсади баланд бардоштани мавқеи занону духтарон дар ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии ҷомеа, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби занону духтарони хонанишин ба шуғлҳои муфиди ҷамъиятӣ, ба соҳибкорӣ ҷалб намудани занону духтарон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории онҳо Озмуни «Соҳибкорзани маваффақи сол»-ро эълон намудааст.
Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон ба АМИТ Ховар хабар доданд, дар озмун соҳибкорзаноне, ки дар ин ҷода ба муваффақиятҳо ноил гаштаанд ва занону ҷавондухтароне, ки нав ба соҳибкорӣ шуруъ кардаанд, иштирок карда метавонанд.
Шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оила дар шаҳру ноҳияҳо соҳибкорзанони намунавиро барои иштирок дар озмун пешниҳод менамоянд.
Дар озмун соҳибкорзанон метавонанд намунаи беҳтарин лоиҳаҳо ва дастовардҳои худро пешниҳод намоянд. Муаррифии соҳибкор, пешниҳоди лоиҳаи беҳтарин, видеоролик оид ба фаъолияти соҳибкорӣ, пешниҳоди маҳсулоти истеҳсолнамуда, таъмини ҷойҳои корӣ, фарҳанги андозсупорӣ ва фаъолияти эҳсонкорӣ (дастгирии ятимон, маъюбон, оилаҳои ниёзманд) аз шартҳои озмунанд.
Озмуни вилоятии «Соҳибкорзани муваффақи сол» дар се давр сурат мегирад. Даври аввал аз 11 сентябр то 11 октябри 2017 дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳо бо иштироки соҳибкорзанони ботаҷриба ва занону ҷавондухтароне, ки нав ба соҳибкорӣ шурӯъ кардаанд, гузаронида мешавад.
Даври дуюм аз 12 октябр то 12 ноябри соли 2017 бо муайян кардани беҳтарин соҳибкорзан дар шаҳру ноҳияҳо ва ҷамъбасти озмун дар охири сол- моҳи декабри соли 2017 бо иштироки ғолибони озмуни «Соҳикорзани муваффақи сол» дар маркази вилоят- шаҳри Қӯрғонтеппа гузаронида мешавад.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






