Дар шаҳри Ваҳдат бахшида 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ мусобиқаи футбол доир гардид

Апрель 21, 2017 11:54

ВАҲДАТ, 21.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади   тарбия намудани насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстию ифтихори миллӣ ва дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ таҷлил намудани 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ,  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат ва ТҶҶ «Созандагони Ватан»  миёни ҳамаи ҷавонони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва маркази шаҳр бозии футболро роҳандозӣ намуданд, ки дар натиҷа дастаи деҳаи Тангаӣ сазовори ҷойи аввал шуда, соҳиби ҷоми ТҶҶ «Созандагони Ватан» гардид.

Ҷавонон аз ташкили чунин мусобиқаҳо ба  ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат ва ТҶҶ «Созандагони Ватан» миннатдорӣ баён намуданд.

Ташкили чунин бозиҳо барои ҷалби ҷавонон ба варзиш, дӯстиву рафоқат миёни ҷавонон, тарбияи ахлоқиву фарҳангии онҳо ва барои ифтихори милливу ватандорӣ, солимии ҷомеа, нагаравидани ҷавонон ба равияҳои номатлуб ва баланд бадоштани фарҳангу маънавиёти онҳо мусоидати комил мекунад.

 

Апрель 21, 2017 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд