Дар Вазорати корҳои дохилӣ ҷаласаи селекторӣ оид ба масъалаҳои муқовимат бо коррупсия баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 13.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти вазорат, сардорони раёсат ва шуъбаҳои мустақили мақомоти корҳои дохилӣ ҷаласаи селекторӣ оид ба масъалаҳои муқовимат бо коррупсия баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, дар кори ҷаласа Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода дар самти пешгирии ҳолатҳои даст задани кормандону хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ ба ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ, бурдани корҳои фаҳмондадиҳию пешгирӣ, риояи интизоми хизматӣ ва қонуният, инчунин ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар вохӯрӣ бо фаъолони кишвар ибрози назар намуд.
Вобаста ба ин мавзӯъҳо, сардорони раёсат ва шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ оид ба корҳои анҷомдодашуда дар се моҳи аввали соли 2017 сухан гуфта, баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти корӣ мулоҳизаронӣ карданд.
Вазири корҳои дохилӣ ҷиҳати пурзӯр намудани фаъолияти хизматӣ дар самтҳои мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил, терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, муқовимат ба ҷиноятҳои коррупсионӣ, бақайдгирии саривақтии ҷиноятҳо, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо миёни ҷавонону ноболиғон, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.








Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст






