Дар вилояти Суғд дар самти танзими анъана 57 қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуд
ДУШАНБЕ, 28.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Давоми семоҳаи аввали соли 2017 аз тарафи аъзои комиссияҳои доимӣ, санҷишу назоратҳои баргузории маърака ва маросимҳои шуъбаи вилоятӣ ва бахшҳо оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҳудуди вилояти Суғд 1 ҳазору 190 санҷиши муштарак гузаронида, 57 қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуданд. Ин нукта дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии вилояти Суғд зикр гардид.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, и.в мудири шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Сӯҳроб Рустамзода дар бораи рафти иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар вилоят сухан ронда, иброз дошт, ки дар ин давра дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 1ҳазору 481 хатнасур, 3 ҳазору 906 тӯйи домодию арӯсӣ, 1 ҳазору 444 маросими чил ва 807 маъракаи сол баргузор гардидааст.
Дар ҷаласа ҳамзамон ҷараёни иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» дар вилояти Суғд баррасӣ шуд. Зикр гардид, ки Пешвои миллат саҳми ҷавононро дар пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёти Тоҷикистон ба назар гирифта, соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон намуданд. Аз ин хотир ҷавонон бояд ба ин боварии Пешвои миллат сазовор гардида, дар ҳама самтҳо пешсаф бошанд.








Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст






