Дар ВМКБ ба васл кардани шабакаҳои нави телевизионии «Футбол», «Варзиш» ва «Синамо» дар моҳвораҳои NSS-12 sd Yahasat 1a шурӯъ карданд
ХОРУҒ, 01.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Пас аз ба охир расидани муҳлати қарордоди пахши барномаҳои телевизонҳои ҷумҳуриявӣ дар моҳвораи ABC ба ҷойгир намудани ин шабакаҳо дар моҳвораи NSS-12 ва Yasata 1a шурӯъ намуданд. Дар Маркази интиқоли мавҷҳои радио ва телевизиони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфтанд, ки «қабл аз Истиқлолияти давлатӣ сокинони вилоят аз тамошои ягона шабакаи телевизионии ҷумҳуриявӣ маҳрум буданд. Соли 1996 бо дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва талоши мутахассисони ватанӣ орзуи сокинони вилоят амалӣ гашт ва онҳо имкон пайдо намуданд, ки барномаҳои Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон (ҳоло шабакаи «Тоҷикистон»)-ро тамошо кунанд. Дар солҳои минбаъда сокинони вилоят аз тамошои шабакаҳои дигар, ба мисли «Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Баҳористон», Варзиш», «Синамо» бархӯрдор гардиданд. Соли равон муҳлати қарордоди пахши барномаҳо аз тариқи моҳвораи ABS ба анҷом расид ва ҳоло мутобиқи қарордоди нав ин шабакаҳо ба моҳвораи нави NSS-12 ва Yahsat 1a васл карда мешаванд».
Мутахассисони маркази мазкур изҳор доштанд, ки ҷойгир кардани шабакаҳои ҷумҳуриявиро дар моҳвораи нав то нимаи дуюми моҳи апрел ба охир мерасонанд. Аз тариқи ин моҳвораҳо ҳамчунин барномаҳои радиоиҳои «Садои Душанбе», «Тоҷикистон», «Фарҳанг», «Овози тоҷик» низ садо хоҳанд дод. Ин ду моҳвораро дар бештар аз 30 давлати дунё ба таври пурра ва 17 давлат қисман истифода мебаранд ва барномаҳои радиоӣ ва телевизионӣ дар шакли HD бо сифати баланд пахш мегарданд.








Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд






