«Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди низоми иттилоотии идоракунии соҳаи маориф»-конфронси байналмилалӣ
ДУШАНБЕ, 28.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди низоми иттилоотии идоракунии соҳаи маориф»-таҳти чунин унвон имрӯз дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалӣ ба кори худ оғоз намуд.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, Раҳматулло Мирбобоев, муовини аввали Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияро оғоз намуда, сухани табрикотии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саидро ба иштирокдорон расонид.
Зикр шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва демократӣ ислоҳоти соҳаи маорифро ҳамчун ҳадафи стратегӣ ва афзалиятнок қарор дода, пайваста барои рушди он тадбирҳои таъхирнопазир меандешад. Ислоҳоти маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири васеъ намудани имкониятҳои маърифатии шаҳрвандон, ташаккули механизмҳои нави идоракунии соҳа, тарбияи кадрҳои ба бозори меҳнат рақобатпазир, соҳибмаърифат, бофарҳанг, мустақил, эҷодкору навовар, инчунин барои мутобиқ намудани соҳаи таҳсилот ба стандартҳои ҷаҳонӣ равона карда шудааст.
Вазорати маориф ва илм низоми иттилоотии идоракунии соҳаро рукни махсус ва муҳими системаи миллии ташкили сиёсат, банақшагирӣ ва идоракунии соҳаи маориф меҳисобад ва рушди минбаъдаи онро яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ислоҳоти маориф медонад.
Намояндаи Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ян Питер Олтерс изҳор намуд, ки Вазорати маориф ва илм барои таъмини рушд дар соҳаи маориф ва умуман иқтисодиёти кишвар яке аз ниҳодҳои калидӣ ба шумор меравад ва сармоягузорӣ кардан дар соҳаи маориф- ин кушодани дарҳо бо калиди заррин мебошад. Бонки ҷаҳонӣ ва дигар шарикон омода ҳастанд, ки кумаки худро ба Вазорати маориф ва илм ва дигар сохторҳо барои беҳтар намудани иқтисодиёт ва сатҳи зиндагии мардум дар оянда расонанд.
Конференсия дар доираи барномаҳои лоиҳаи Фонди глобалии таҳсилот ташкил гардида, мавзӯъҳое, ки дар он баррасӣ мешаванд, муҳим ва замонавӣ мебошанд. Муҳокимаи ин мавзӯъҳо имконият медиҳад, ки равандҳои нав ва роҳҳои нави рушди низоми иттилоотии идоракунии маориф дар сатҳи муассисаҳои таълимии ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ дарёфт карда шаванд.
Конференсия аз ду бахш- низоми иттилоотии идоракунии маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: вазъ, мушкилот ва дурнамои рушд ва низоми иттилоотии идоракунии маориф ҳамчун воситаи идоракунии соҳаи маориф иборат буда, дар кори он намояндагони шарикони рушд ва созмонҳои байналмилалие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд, инчунин мушовирони маҳаллӣ ва байналхалқӣ дар мавзӯъҳои «Системаи иттилоотии идоракунии маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ҷараёни таҳияи системаи автоматикии системаи иттилоотии «Муассисаи таълимӣ»», «Нақши системаи иттилоотии идоракунии маориф дар ошкор намудани кӯдакони аз мактаб дурмонда ва кӯдаконе ки дар зери хавфи тарки мактаб қарор доранд» ва «Нақши системаи иттилоотии идоракунии маориф дар идоракунии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ: таҷрибаи муассисаҳои таълимии шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия» маърӯза намуданд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккул ва рушди низоми идоракунии иттилоотии соҳа як қатор шарикони рушд, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи кӯдакони СММ, Лоиҳаи Фонди глобалии таҳсилот ва Бонки осиёии рушд кумаки техникӣ расониданд ва саҳми ҳар яки онҳо дар инкишофи низоми идоракунии иттилоотии соҳаи маориф назаррас мебошад.
Конференсия то соати 17 идома ёфта, дар назар аст, ки меҳмонон ва иштирокдорони он аз Кохи Наврӯз боздид ба амал оранд.













РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад






