Даври хотимавии Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дар шаҳри Кӯлоб доир шуд
ДУШАНБЕ, 26.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ даври хотимавии Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он донишҷӯёни 32 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ иштирок намуданд. Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар Олимпиадаи мазкур иштирокчиён аз рӯи 11 фанни таълимӣ, инчунин дар мавзӯъҳои озод бахшида ба ҷашнҳо иншои хурд навишта, оид ба фанҳои дигар аз рӯи саволномаҳои тестӣ донишу маҳорати худро санҷиданд.
Дар олимпиада 271 нафар донишҷӯён иштирок намуданд, ки аз онҳо 11 нафар ғолиби ҷои якум, 14 нафар ғолиби ҷои дуюм, 21 нафар ғолиби ҷои сеюм гардида, 49 нафар бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.
Натиҷаи ҷамъбаст нишон дод, ки аз рӯи ҷойҳои бадастоварда Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷои якум, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ ҷои дуюм ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҷои сеюмро сазовор гардиданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






