«Дирафши коваёнӣ» сазовори Шоҳҷоизаи «Парасту-2017» гардид
ДУШАНБЕ, 25.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2017» ҷамъбаст гардид. Спектакли «Дирафши коваёнӣ»-и Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидови шаҳри Душанбе сазовори Шоҳҷоизаи ин Фестивал-озмун гардид.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, «Дирафши коваёнӣ» дар коргардонии ҳунарманди шинохта Нозим Меликов аз рӯи асари безаволи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ таҳия шуда, дар он нақшҳои асосиро Абдумӯъмин Шарифӣ, Бунёд Комилов, Аҳлиддин Ҳасанов, Қамариддин Мирзоев ва Зарина Бадалова бозидаанд.
Ҳайати доварон мақоми аввали Фестивал-озмунро ба спектакли «Пизишки паррон»-и Театри академии драмаи ба номи Лоҳутӣ доданд, ки онро Қурбони Собир аз рӯйи асари Молйер ба саҳна гузоштааст. Мақоми дуюми ҷашнвора ба Театри Маяковский барои спектакли «Хонума» ва ҷойи сеюм ба Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд барои спектакли «Қалби зан» дода шуд.
Ҳамчунин доварон ҷоизаи «Беҳтарин нақши мардона»-ро ба ду нафар- Шуҷоат Ҷалолиддинов (театри ба номи Лоҳутӣ) ва Маҳмадсаид Махсумов (театри ноҳияи Данғара) лоиқ донистанд.
Фестивал-озмуни «Парасту» аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди драматургияи миллӣ, санъати театрии мамлакат, таҳияи асарҳои баландғояи ватанӣ, баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии коргардонҳо, ҳунармандон, рассомон, бастакорон, ҳисси ифтихори ватандӯстию ватанпарастӣ ва анъанаҳои хуби таърихию фарҳангӣ гузаронида мешавад.








НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд






