Донишҷӯёни Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб ба омӯзиши атласу адрасбофӣ ҷалб мешаванд
ДУШАНБЕ, 05.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб ҷиҳати ба касбомӯзӣ ҷалб намудани донишҷӯён ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар заминаи Парки технологӣ Маркази омӯзиши истеҳсоли атласу адрасро таъсис додааст.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, айни замон устодон ва мутахассисони ботаҷриба бо истифода аз дастгоҳҳои атласу адрасбофӣ нозукии ин ҳунари аҷдодиро ба занону духтарон меомӯзонанд.
«Бо мақсади ҳарчи бештар ҷалб намудани занону духтарони хонашини минтақаи Кӯлоб раёсати Донишкада ният дорад, ки дар оянда курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ таъсис дода, дар ин замина мутахассисони хуби атласу адрасбофро тайёр намояд»,-хабар доданд аз маркази матбуоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон .








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст






