Футболбозони тоҷик дар Ӯзбекистон ҳарифонашонро бо ҳисоби 7:4 мағлуб карданд
ДУШАНБЕ, 26.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар чорчӯбаи омодагӣ ба Чемпионати Осиё- 2017 дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футзал бо ҳарифонашон аз Ӯзбекистон бозии дӯстона доир намуда, дар он бо ҳисоби калони 7:4 ғолиб омаданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Бозии мазкур шоми дирӯз, 25 апрел дар маҷмааи варзишии «Универсал»-и шаҳри Тошканд баргузор гардид. Қисми аввали вохӯрии варзишгарони тоҷику узбек бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи футболбозони тоҷик ба анҷом расид, дар қисми дуюми 20-дақиқагии бозӣ низ футболбозони тоҷик тавонистанд 4 голи дигар ба дарвозаи ҳарифашон равон кунанд. Дар натиҷа бозӣ бо ҳисоби 7:4 ба фоидаи дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба анҷом расид. Тӯбҳоро аз дастаи Тоҷикистон Файзали Сардоров (3), Умед Қӯзиев, Шоҳрух Ҳамидов, Насим Шарифов ва Иқбол Воситзода ба нишон расониданд.
Имрӯз дар Тошканд бозии такрории футболбозони ҳарду даста баргузор шуд, ки аз натиҷаи он хабар хоҳем дод.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро футболбозони то 20-сола намояндагӣ карданд.








Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод






