Хоҷагии «Искич» боварии мардумро ба даст овардааст

Апрель 1, 2017 09:31

ҲИСОР, 01.04.17 /АМИТ «Ховар»/. Маъракаи ниҳолшинонӣ дар тамоми манотиқи кишвар идома дорад. Барои таъмини мардум бо нихолҳои хушсифату серҳосилу ояндадор саҳми хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ хеле калон аст. Хоҷагии ниҳолпарварии «Искич» -и шаҳри Ҳисор аз зумраи онҳост. Хоҷагӣ дорои 10 гектар замин буда, соли 1991 таъсис ёфтааст. Айни ҳол дар хоҷагӣ беш аз 213 ҳазор бех ниҳолҳои мевадиҳанда, сояафкан ва ороишӣ мавҷуд буда, ҳамасола 60-70 ҳазор бех ниҳолҳои гуногун ба фурӯш мераванд.

Тавре Зафар Ғафуров,  раиси хоҷагии «Искич» иттилоъ дод, дар хоҷагӣ ниҳолҳои себ, зардолу, олу, чормағз, гелос, шафтолу, анор, санҷид, арғувон, сада ва ғайраҳо парвариш меёбанд. Харидорон баробари хариди ниҳол аз мутахассисони хоҷагӣ маслиҳату машварат мегиранд.

Бартарии хоҷагии мазкур боз дар он аст, ки дар ин ҷо ниҳолҳое парвариш мешаванд, ки барои бунёди ҷангалзор, пешгирии эрозияи замин, беҳтар намудани муҳити экологӣ мусоидат мекунанд. Боғпарварони хоҷагии «Искич» дар ихтиёри худ 260 гектар ангурзор ва боғи себу гелос доранд, ки ҳамасола аз он ҳосили фаровон рӯёнида, коми чандин ҳазор нафарро ширин менамоянд.

Нихолшинони

Апрель 1, 2017 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад