Хушнуд Мирзоалиев дар озмуни байналмилалии «Иншои беҳтарин» ба забони куриёӣ дар Қазоқистон сазовори ҷойи аввал гардид

Апрель 27, 2017 14:50

ДУШАНБЕ, 27.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Хушнуд  Мирзоалиев, муҳассили Маркази забономӯзии куриёии Шоҳ Сеҷонги Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар озмуни байналмилалии  «Иншои беҳтарин» бо забони куриёӣ, ки дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор шуд, сазовори ҷойи аввал гардид.

Тавре аз Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода хабар доданд, озмуни мазкур дар Донишгоҳи муносибатҳои байналмилалӣ ва забонҳои ҷаҳонии Қазоқистон ба номи Абилайхон гузаронида шуд. Ғолиби озмун Хушнуд  Мирзоалиев соҳиби сертификат ва туҳфаҳои хотиравӣ гардида, минбаъд метавонад  дар магистратураи Донишгоҳи Сонгюнвани Ҷумҳурии Куриё ройгон таҳсил намояд.

Мавриди зикр аст, ки ҳамасола аз ҷониби Донишгоҳи Сонгюнквани Ҷумҳурии Куриё, ки дорои нуфузи баланд аст, байни давлатҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон  озмуни «Иншои беҳтарин» гузаронида мешавад.

 

Апрель 27, 2017 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд