Икром Умарзода: «Волидонро мебояд дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор пеши роҳи ҳама гуна кирдору амалҳои номатлуби фарзандонро гиранд»
ДУШАНБЕ, 28.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз вохӯрии муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Умарзода бо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҶТ хабар доданд, дар вохӯрӣ муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ, сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ Мансур Бухоризода, муовини сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Фарҳод Худоёров, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Сино Муқаддас Носирзода ва директорони мактабҳо иштирок доштанд.
Икром Умарзода изҳор намуд, ки таълиму тарбия, аз худ намудани донишу маърифат ва касбу ҳунар аз масъалаҳои асосӣ дар назди мактаббачагон ва донишҷӯёни мактабҳои кишвар ба ҳисоб рафта, роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат дар назди сохторҳои дахлдор, бахусус мактабу маориф, волидон ва ҷомеа вазифа гузоштааст, ки ба ин масъала аҳамияти ҷиддӣ ва ҳаматарафа дода шавад. «Риоя ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҳар як падару модарро водор месозад, ки уҳдадориҳои худро нисбат ба тарбияи фарзандони наврасу ноболиғи худ хуб ба ҷо оварда, дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбута пеши роҳи ҳама гуна кирдору амалҳои номатлуби онҳоро бигиранд»,-гуфт мавсуф.
Муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ оид ба донишандӯзӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ, ҳамчунин иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва берун аз он ибрози андеша намуд.
Дар вохӯрӣ иштирокчиён ҷиҳати пешгирии қонуншиканӣ дар байни ноболиғону ҷавонон ақидаҳои худро иброз дошта, баҳри хуб ба роҳ мондани таълиму тарбия, интизоми намунавӣ, бо баҳои хубу аъло таҳсил намудан ва иштироки фаъолонаи хонандагон дар корҳои ҷамъиятӣ пешниҳодҳои судманд ироа намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






