Имрӯз даври сеюми бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2018 оид ба футбол байни бонувон доир мешаванд

Апрель 7, 2017 09:35

ДУШАНБЕ, 07.04.2017/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз даври сеюми  бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2018 дар гурӯҳи «А», ки дар шаҳри Душанбе идома доранд, гузаронида мешаванд. Дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон дар соати 16:00 бо дастаи мунтахаби Филиппин, ки дар ду бозии пешинааш ба ғалаба комёб шудааст, вориди рақобат мешавад. Пешсафи гурӯҳ-дастаи мунтахаби Урдун бо Ироқ (соати 19:00) ва дастаи Амороти Муттаҳидаи Араб бо Баҳрайн (соати 13:00) дар ин рӯз бо ҳам қувва меозмоянд.
Дар даври дуюми мусобиқа дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон аз дастаи мунтахаби Баҳрайн бо натиҷаи 0:4 мағлуб шуд, Урдун ва Филиппин бар дастаҳои Амороти Муттаҳидаи Араб (6:0) ва Ироқ (4:0) пирӯзӣ ба даст оварданд ва то ҳол ягон бозиро набохтаанд.
Бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2019 байни бонувон
Гурӯҳи «А». Даври 2
Баҳрайн ТОҶИКИСТОН 4:0
Голҳо: Рим Юсуф Маъсуд Салим ал-Ҳашмӣ, 17 (1:0). Рим Юсуф Маъсуд Салим ал-Ҳашмӣ, 20 (2:0). Нура Сами ал-Доссарӣ, 46 (3:0). Рим Юсуф Маъсуд Салим ал-Ҳашмӣ, 78 (4:0).
Тоҷикистон: Сахина Саидова, Насиба Олимова (Шукронаи Ҷумъахон, 46), Дилафрӯз Шарифова, Ҷонона Ҳалимова, Ирода Ҷӯраева, Сайрам Холназарова, Наталя Сотникова, Мадинаи Искандарӣ, Нодира Мирзоева, Муниса Мирзоева, Марҷона Файзуллоева (Зулайхо Сафарова, 62).
Огоҳӣ: Нура Сами ал-Доссарӣ, Еман Рашид Исо, Амира Совар (Баҳрайн), Шукронаи Ҷумъахон, Ирода Ҷӯраева (Тоҷикистон).
5 апрел. Душанбе. Варзишгоҳи марказӣ.
Филиппин Ироқ 4:0
Голҳо: Ева Мадаранҷ, 21 (1:0). Ҳали Лонг, 44 (2:0). Сара Изобел Арриета Кастанеда, 45+1 (3:0). Алеса Назарено Долино, 45+3 (4:0).
5 апрел. Душанбе. Варзишгоҳи марказӣ
Урдун АМА 6:0
Голҳо: Майса Ҷбараҳ, 3 (1:0). Майса Ҷбараҳ, 40 (2:0). Стефани ал-Набир, 44 (3:0). Майса Ҷбараҳ, 77 (4:0). Стефани ал-Набир, 80 (5:0). Майса Ҷбараҳ, 81 (6:0).
5 апрел. Душанбе. Варзишгоҳи марказӣ.

    И В Н П М О
1 Урдун 2 2 0 0 12-0 6
2 Филиппин 2 2 0 0 8-0 6
6 Баҳрайн 2 1 0 1 4-6 3
3 ТОҶИКИСТОН 2 1 0 1 1-4 3
4 Ироқ 2 0 0 1 0-5 0
5 АМА 2 0 0 2 0-10 0

Бозиҳои боқимонда:
Даври 3
7 апрел (ҷумъа
13:00 АМА Баҳрайн
16:00 Тоҷикистон Филиппин
19:00 Урдун Ироқ

Даври 4
10 апрел (душанбе)
13:00 Ироқ АМА
16:00 Тоҷикситон Урдун
19:00 Филиппин Баҳрайн

Даври 5
12 апрел (чоршанбе)
13:00 Урдун Филиппин
16:00 АМА Тоҷикистон
19:00 Баҳрайн Ироқ

Апрель 7, 2017 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд