Исфандиёр Акрамов ҳангоми адои ҷазо дар муассисаи ислоҳӣ боз даст ба ҷиноят зад
ДУШАНБЕ, 18.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар маҷлиси ошкорои сайёри судӣ парвандаи ҷиноятиро нисбат ба Акрамов Исфандиёр Мирсаломович, соли таваллудаш 1993, истиқоматкунандаи ноҳияи Рашт, ҷамоати деҳоти Оби меҳнат, деҳаи Навобод, ки соли 2014 бо ҳукми суди шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон гунаҳгор дониста шуда, ба муҳлати шаш сол бо нигоҳ доштан дар муассисаи ислоҳии низомаш сахт маҳкум шудааст, бо айбдорӣ бо моддаи 247, қисми 2 бандҳои «а, в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуд.
Исфандиёр Акрамов барои он айбдор дониста мешавад, ки дар муассисаи ислоҳии ЯС 3/1 СРИҶҶВА Ҷумҳурии Тоҷикистон адои ҷазо намуда, аз 3 июли соли 2016 вайронкунандаи қоидаҳои тартиботи дохилии муассиса эътироф гардида, ба ҷои ислоҳ шудан, боз даст ба ҷиноят мезанад.
Номбурда 15 ноябри соли 2016 ба қисми навбатдории шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Рашт тамос гирифта, бо роҳи фиреб худро корманди шуъбаи 6-уми Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ намуда, аз навбатдор -Маҳмадкарим Ҳоҷиев рақами телефони мобилии шаҳрванд Муҳиб Бобоҷоновро, ки дар ҷамоати деҳоти Б.Раҳимзода, деҳаи Поҷеи поёни ноҳияи Рашт ба соҳибкорӣ машғул мебошад, гирифтааст. Тахминан соати 13:00- и ҳамон рӯз ӯ бо роҳи фиреб, аз дохили муассисаи ислоҳӣ ба шаҳрванд Муҳиб Бобоҷонов бо телефон тамос гирифта, худро сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт Рустам Шафизода муаррифӣ намуда, аз соҳибкор 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ барои корҳои шахсиаш талаб менамояд. Соҳибкор М. Бобоҷонов ба ӯ бовар карда, гуфтааст, ки бо худ 2500 (ду ҳазору панҷсад) сомонӣ дорад ва метавонад ин маблағро ба ӯ дастрас намояд.
Ҳамон рӯз соҳибкор М. Бобоҷонов бо хоҳиши маҳкумшуда, ки худро сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт Р. Шафизода муарифӣ карда буд, 2340 (ду ҳазору сесаду чил) сомониро ба ному насаби ронандаи мусофиркаш Қурбонов Саймумин Одинаевич ба воситаи шаҳрванд Қадриддин Нақибов тавассути Филиали №76 БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»-и ноҳияи Рашт интиқол додааст. Баъдан ӯ ба боварии махкумшуда Ҷаҳонгир Файзуллоев даромада, аз охирин хоҳиш намудааст, ки ба воситаи шиносҳояш маблағи дар боло зикршударо гирифта, аз ҳисоби он маблағ ба муассисаи ислоҳии Я С 3/1 СИЧД ВА Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокӣ ва либос дастовез карда супорад.
Ҳамин тавр, маҳкумшуда Акрамов Исфандиёр Мирсаломович ба шаҳрванд Муҳиб Бобоҷонов зарари ҷиддии моливу маънавӣ расонидааст.
Бо ҳукми суд ба Акрамов Исфандиёр Мирсаломович бо моддаи 247, қисми 2 бандҳои «а, в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 3 (се) сол бо нигоҳ доштан дар муассисаи ислоҳии дорои низомаш сахт бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян таъйин гардид.
Дар асоси қисми 1, моддаи 68 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз рўи маҷмӯи ҳукмҳо бо роҳи қисман зам намудани қисми адонашудаи ҷазои ҳукми суди шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон аз 30 апрели соли 2014 сол бо моддаи 248 қисми 2 бандҳои «а, в» ва 365 қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон таъиншуда, ки тибқи он судшаванда бо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 6 (шаш) сол бо нигоҳ доштан дар муассисаи ислоҳии низомаш сахт маҳкум шудааст, ба ҳукми мазкур ба Акрамов Исфандиёр Мирсаломович ҷазои ниҳоӣ 5 (панҷ) солу шаш моҳ маҳрум сохтан аз озодӣ бо адои ҷазо дар муассисаи ислоҳии низомаш сахт бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян таъйин гардид.
Рухсораи НУР








«МегаФон Life»: Навсозиҳо ҳаётро сабуктар менамоянд
Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Тоҷикистон IRS 17 400 тонна маводи зиддилағзиш захира намудааст
Доир ба нақши маориф дар тарбияи насли ваҳдатсоз вохӯрӣ доир гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суди конститутсионӣ Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ноиби президент ва академики Академияи илмҳои Осиё интихоб гардид
Алоқа барои сохтмон: чӣ тавр имконоти мобилӣ дар бунёди иншоот дар саросари Тоҷикистон кумак менамояд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
ПАРЧАМИ МО ХУД САРИ БОЛОИ МОСТ! Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Рӯзи Парчами давлатӣ бошукуҳ таҷлил гардид
«ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!». Таҳти ин унвон дар Лахш ҳамоиши идона доир шуд






