Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти ғайрирасмии Сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ
ДУШАНБЕ, 14.04.2017/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар кори мулоқоти ғайрирасмии Сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар мулоқоти ғайрирасмии Сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ҳамчунин Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Арманистон Серж Саргсян, Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев иштирок намуданд.
Дар нишасти ғайрирасмӣ, аз ҷумла масоили марбут ба тақвияти ҳамдастии давлатҳои аъзои СААД дар мубориза ба зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, масъалаҳои таъмини амнияту субботи сартосарӣ дар қаламрави давлатҳои аъзо ва дигар масоили вобаста ба вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳон мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Сарони давлатҳо аз амалҳои даҳшатбори рӯзҳои охир дар қаламрави ҷаҳон ва дар давлатҳои аъзои СААД ба амал омада бори дигар изҳори нигаронӣ карда, терроризмро ба таври қотеъ маҳкум намуданд.
Дар мулоқоти Сарони давлатҳои аъзои Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ҳамчунин вазъи мураккаби сиёсию низомии Афғонистон, масоили марбут ба таҳкими сарҳади ҷанубии давлатҳои аъзои созмон дар марз бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва вазъи кунунию дурнамои ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии давлатҳои аъзои СААД мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Иштирокчиёни ҷаласа аз пешниҳоди интихоби Юрий Хачатуров ба ҳайси Котиби генералии СААД ҷонибдорӣ карда, ба собиқ котиби генералии созмон Николай Бордюжа барои хизматҳои шоиста дар роҳи таҳкими ҳамгироии давлатҳои аъзои СААД изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.









Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






